Дар идомаи ин муроҷиатнома омадааст, мувофиқи ин мактуб, ки дар он бо ҳарфи калон навишта шудааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ доданд». Шурўъ аз таърихи 12-январи 2013 шаст дарсади шумораи мусофирон ва меҳмонони фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз тариқи бинои кўҳнаи дар замони шўравӣ сохташуда гуселу пазироӣ мегарданд. Ҳамин тариқ, хизматчиёни давлатӣ дар шахсияти роҳбари фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маъруф Маҳмудов, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутассифона иттилоъи ғаразнок пешниҳод карда, гўё ризояти Шумо,Ҷаноби Олиро ба даст овардаанд, ки чунин бозиҳои пасипардагӣ оқибат боиси норозигии мусофирон ва муҳоҷирони тоҷик гардидааст.
Матни комили муроҷиатнома аз ин нишонӣ мутолиа карда метавонед: https://www.ozodagon.com/ms/item/16894