Мулоқоти вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Русия
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои русиягии худ- Сергей Лавров дар бӯстонсарои ҳукуматӣ мулоқот намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат, дар нишаст, инчунин, ҳайатҳои ду кишвар иштирок доштанд. Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи созишномаҳоеро, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия ҳангоми сафари расмии президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, ки октябри соли гузашта анҷом шуда буд, инчунин, ҳолати кунунӣ ва масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
-Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, соҳаи гуманитарӣ, амнияти сарҳадӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд,-афзуд манбаъ.
Дар интиҳои мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар «Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли ҷорӣ»-ро имзо намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи Барномаи мазкур ҳамкории вазоратҳо роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи робитаҳои дуҷониба, инчунин, тайёр кардани кадрҳои Тоҷикистон барои хизмати дипломатӣ бо дастгирии Русия дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дурнамои ташкили базаи таълимии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои миллии дипломатӣ баррасӣ карда хоҳад шуд.