Беш аз 4.000 нафар авф мешаванд ва зиндонҳоро тарк хоҳанд кард
Ҳудуди 4 ҳазор маҳбусин авф гардида, ба озодӣ мебароянд.
Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ дар Бишкек, муовини райиси хадамоти давлатии корҳои ислоҳии Қирғизистон Қалибек Қачқиналиев иброз доштааст. Хабаргузории «24.kg» ба такя ба суханони ҷаноби Қачқиналиев менависад, ҳамзамон аз колонияҳои ислоҳотӣ чанд ҳазори дигар низ мураххас хоҳанд шуд. «Аммо ин тасмим ҳеч таъсире ба вазъи кишвар нахоҳад гузошт», афзудааст номбурда.Қачқиналиев мегӯяд, қабл аз ҳама авф нибсати онҳое татбиқ мегардад, ки ҷиноёти сабук содир кардаанд. «Мо онҳоеро, ки муҷрими куштор ва таҷовуз мебошанд, авф нахоҳем кард», идома дод ин масъули хадамоти Қирғизистон. Ӯ мегӯяд, новобаста аз тасмимҳои мо, беш аз 30 дарсади озодшудагон боз аз сари нав ба зиндон бармегарданд, яъне ҷиноят содир карда паси панҷара менишинанд. Қачқиналиев ҳамчунин илова кард, ки дар маҳбасхонаҳои Қирғизистон вазъи саломатии зиндониён ташвишовар буда, афроди зиёде мубталои маризии сил мешаванд. «Онҳо дар утоқҳои алоҳида дар муассисаҳои №27 и №31 нигаҳбонӣ мешаванд ва дар ояндаи наздик барои эшон зиндони нав месозем» .