«Январи сиёҳ»-и Озарбойҷон дар Душанбе
Ҳамасола дар ҷумҳурии Озарбойҷон санаи 20-уми январ ҳамчун Рӯзи мотами миллӣ ва ё «Январи сиёҳ» ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири ин сана, сафорати Озарбойҷон дар Душанбе бо иштироки коршиносон, масъулини ҳукумат ва намояндагони ВАО нишасте баргузор намуд: «Корпуси дипломатии Боку бо баргузории чунин ҳамоиш мехоҳад, бори дигар ин санаи мудҳиши таърихиро ба ёди ширкатдорони ҳамоиш биёрад».
Бояд гуфт, аз ҳодисаи мудҳиши 20-уми январи соли 1990, ки дар таърихи Озарбойҷон ҳамчун «Рӯзи хунини фоҷиаи январӣ» ёд мешавад, 23 сол сипарӣ мешавад.Куштори ваҳшиёнаи мардуми озарӣ, ки дар ин рӯз рух дод, дар саҳифаи таърихи инсоният ҳамчун яке аз мудҳиштарин ҷиноятҳои зидди башарӣ унвон мешавад.
Ёдовар мешавем, 20-уми январи соли 1990 сарбозону афсарони қисмҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), аз бахшҳои қӯшунҳои ҳарбии дохила ва гурӯҳҳои махсуси зудамал бе қарори Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ ва бе санади иҷозаи Президиуми Шӯрои Олии СССР (моддаҳои Сарқонуни амалкунандаи СССР-и собиқро нақз намуда) ба Боку, пойтахти Озарбойҷон ҳуҷум карда, аҳолии осоиштаро, ки танҳо талаби истиқлоли марзии худро доштанд, ваҳшиёна ба қатл расониданд. Зимни ин «амалиёти хунин» 133 нафар кушта, 744 тан захмӣ, 841 нафар бе гуноҳ зиндонӣ мешаванд ва 5 каси дигар то ҳанӯз бе ному нишон аст.