Риоя нашудани танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Аз аввали соли равон то ба имрӯз дар Тоҷикистон 6 ҳолати қонуншиканӣ дар мавриди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ошкор гардидааст.
Аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз санҷишҳое, ки дар ин самт гузаронида шуд, назорати риояи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» мебошад.
Гуфта мешавад, зимни санҷишҳо, аз ҷумла вобаста ба чорабинии зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонони берун аз доираи оила, гузаронидани маъракаи арӯсбинон, ки онро қонун дар доираи оила пешбинӣ намудааст, надоштани шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби сароянда, риоя нашудани меъёри истифодаи автомашинаҳо ҳангоми ақди никоҳ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда гузаронидани чорабиниҳои бузкашӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Манбаъ мегӯяд, мутобиқи талаботи қонуни зикршуда дар арафаи идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои варзишӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ метавонанд дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, ки мақоми ваколатдори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маҳсуб меёбанд, чорабиниҳои анъанавии варзишӣ - гўштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва амсоли инҳоро ташкил намоянд: “ Дар чорабиниҳои мазкур барои пешгирии ҳолатҳои ногувор бояд намояндагони мақомоти дахлдор ширкат варзанд”.