Кӯлоб: Вазъи садамавии касалхонаи «100- сола»
Беморхонаи касалиҳои пӯсти минтақавии Кӯлоб, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад, ҳанӯз соли 1928-и асри гузашта сохта шуда, дар ҳоли ҳозир дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Сардухтури беморхонаи мазкур, Муродов мегӯяд, ин касалхона ва иншооти мансуб ба он фарсудаву вайрона гаштаанд, ки дигар ҳатто тавони таъмирро ҳам надоранд:
«Чандин маротиба ба раёсати тандурустии минтақа ва вилоят дар мавриди таъмиру барқарорсозии биноҳои беморхона муроҷиат кардаем, аммо то ҳол ҳалли ин масъала норӯшан аст».
Мирзоалӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб гуфтаҳои ҷаноби Муродовро тасдиқ карда, афзуд, «дар ҳақиқат гилаи сардухтури беморхонаи касалиҳои пӯсти минтақавӣ комилан дуруст аст. Гузашта аз ин, ин беморхона бо хати барқи доимӣ низ таъмин нест. Тибқи «Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ» ба вазорати тандурустӣ оид ба азнавсозии беморхонаи пӯсти минтақаи Кӯлоб пешниҳод равона кардаем. Шояд вазорат кӯмак намояд».