Дар раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб шумораи фавтидагон аз бемории силро касе намедонад.
Ин дар ҳолест, ки гирифторони ин беморӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа рӯз аз рӯз меафзояд. М. Миралиев, сардори раёсати мазкур, дар минтақа 1389 нафар маризони ин беморӣ расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 1191 нафар, аз ҷумла 596 зан барои бори аввал гирифтори касалӣ гаштаанд.
Дар ин муддат, 3 кӯдак ба ҳалокат расида, аз дигар қурбониёни сил дар раёсати тандурустӣ хабар надоданд.