92 %-и барқи ҷумҳурӣ дар Хатлон истеҳсол мешавад
Тибқи иттилои аз ҳукумати вилояти Хатлон расида, нерӯгоҳхои барқии дар минтақа фаъолбуда, ҳамасола беш аз 16 миллиард квт/соат барқ истеҳсол мекунанд.
Гуфта мешавад, ин нишондод 92 фисади барқи умумии дар кишвар тавлидшаванда мебошад. Ба гуфтаи Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон, аз ин, танҳо 1,9-миллиард квт/соати он барои ҳамаи 26 шаҳру навоҳии вилоят интиқол меёбаду бас.
Дар ҳамин ҳол, қарзи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён дар шаҳру навоҳӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад: «Танҳо қарзи идораҳои хоҷагии об аз шабакаҳои барқӣ дар вилоят зиёда аз 60 миллион сомониро ташкил медиҳад».