Президенти Афғонистон бо Обама ба тавофуқ нарасиданд
Ҳомид Карзай аз эҳтимоли дода шудани дахолатнопазирии дипломатӣ ба нерӯҳои амрикоии мустақар дар кишвараш хабар дод.
Бино ба гузориши расонаи хабарии «ал-Арабия», раисҷумҷури Афғонистон рӯзи 14-январ, пас аз бозгашти худ аз Вашингтон ба Кобул гуфтааст: «Баррасии пешниҳоди додани ҳаққи масуният ба нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 мумкин аст, 8 ё 9 моҳ идома ёбад ва бояд гуфт, дар ин бора худи Луйи ҷирга тасмим хоҳад гирифт».
Ин дар ҳолест, ки Борак Обама, раисҷумҷури Амрико чанде қабл иброз намуда буд, ки агар ба шаҳрвандони кишвараш дахолатнопазирии дипломатӣ дар Афғонистон дода нашавад, ҳеч нерӯе дар ин кишвар боқӣ нахоҳад монд. Аз сӯйи дигар ҷаноби Карзай мегӯяд, амрикоиҳо дар сурате масуниятро ба даст хоҳанд овард, ки ба ҳокимияти Афғонистон эҳтиром гузошта, тамоми боздоштшудагони афғонро ба кишварашон интиқол бидиҳанд.
Ёдрас менамоем, ки тайи чанд моҳи ахир, мақомоти афғон бо ҳамтоёни амрикоии худ масъалаи буду боши нерӯҳои ИМА пас аз соли 2014 дар ин кишварро баррасӣ менамоянд Вале ба гуфтаи оқои Карзай ӯ то ҳол бо Борака Обама дар ин бора ба тавофуқе нарасидаанд.