Кормандони раёсати корҳои дохилӣ (РКД)-и гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб ҷасади занеро ошкор намуданд, ки тибқи ташхисоти пешакӣ ҳанӯз 3 рӯз пеш ба ҳалокат расида буд.
Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори РКД ба Озодагон гуфт, зӯҳри рӯзи 13-уми январ аз ҷониби кормандони ин раёсат дар наздики рустои Ғелоти ноҳияи Восеъ ҷасади зане дарёфт гардид: «Дар натиҷаи тафтишоти фаврӣ шахсияти майит ошкор гардид. Ӯ Насибаи Анварзода ном дошта, 22-сола, сокини ҳамин русто будааст. Тибқи шаҳодати волидон, Насиба 3 рӯз пеш бо нияти нонпазӣ ба хонаи яке аз ҳамсояҳо равон шуда, дигар нобуд шудааст. Дар натиҷаи тафтишот муайян гардид, ки ӯ то ба хонаи ҳамсоя нарасидааст».
Оқои Искандаров афзуд, тибқи ташхиси мутахассисон, дар бадани майит аломатҳои лату кӯб ва марги маҷбурӣ ошкор нагаштааст. Гумон меравад, ин бону бо иллати беморӣ, дар роҳ ғалтида ба ҳалокат расидааст. Аммо дар ин маврид, ҳанӯз хулосаи экспертиза набаромадааст.
Тайи соли 2012-ум дар ҳудуди шаҳру навоҳии Кӯлоб 87 нафар сӯиқасд ба ҷони худ карда, аз онҳо 39 нафар қурбон ва 48 тани дигар аз марг раҳидаанд. Аз шумораи ҷонбезорон, 41 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.