1100 нафар кормандони «Роҳи оҳан» бекор мондаанд
Бино ба иттилои раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов, бо ҷурми баста шудани роҳи оҳан аз ҷониби давлати Узбакистон, 1100 нафар кормандони «Роҳи оҳан»-и вилоят бекор мондаанд.
-Ин зарар ҳам барои сокинон ва ҳам миллионҳо сомонӣ зарар ба буҷаи вилоят мебошад-, гуфт раис.
Дар ҳамин ҳол, мусофироне, ки азми сафар ба кишварҳои хориҷиро доранд, наметавонанд аз хизмати ин муассиса истифода баранд ва ба идораҳои марбута ба шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ муроҷиат менамоянд.
Гуфта мешавад, майдони фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҷавобгӯи талабот нест. Дар ин маврид, Афзалов аз сарвазири ҷумҳурӣ, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи вилоят ҳузур дошт, дархост намуд, то дар таъмиру фаъолияти густардаи ин муассиса кӯмак намояд.