314 ҳолати ҷиноят миёни бонувони хатлонӣ ба қайд расид
Додгоҳи вилояти Хатлон як бонуи рустабори данғарагиро бо ҷурми даст доштанаш дар қатли ҳамсар ва фарзандаш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба иттилоъе, ки дар суди вилоятӣ дар ихтиёри хабарнигори маҳаллии Озодагон гузоштанд, ин хонум Татяна Сергеева ном дошта, моҳи марти соли гузашта шавҳар ва кӯдаки сесолаи худро дар манзили зисташон оташ зада, ба ҳалокат расондааст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода мешавад, ки дар соли 2012-ум дар қаламрави вилоят аз ҷониби занон 314 ҳолати ҷиноят рух дода, бо ҳукми суд 13 нафари онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ гаштаанд.
Инчунин, соли гузашта 136 ҳолати даст ба худкушӣ задани сокинон расман ба қайд гирифта шудааст, ки дар 80 ҳолат бонувон қасди ҷони худ кардаанд.