Инчунин, дар 131 километри дигар таъмири асосӣ гузаронида шуд. Ғайбуллоҳ Афзалов, райиси вилояти Хатлон, ки дар нишасти ҷамъбастии солона гузориш медод, гуфт, бо дастгирӣ ва маблағгузории созмонҳои хориҷӣ дар вилоят 140 километр роҳи нав сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, раиси вилоят афзуд, «ин амалро наметавон пешрафти соҳа унвон кард. Зарур буд дар ин маврид таъмир ва сохтмони роҳҳоро боз ҳам зиёд кард». Гузашта аз ин, ба иқрори ҷаноби Афзалов, дар ҳамаи вилоят 5800 километр роҳҳои нақлиётгард тамоман бесоҳиб мондаанд ва таъмиру барқарорсозии онро касе ба ӯҳда намегирад.