Тармафароӣ боиси марги 3 нафар гардид
Байни деҳаҳои Аскалон ва Шархои минтақаи Рашт тарма фаромада, мунҷар ба марги як сокини қишлоқи Шархо- Муҳаммади Абдуллои 13-сола ва сокини қишлоқи Ярхаб- Файзулло Ҷамилови 21-сола шуд.
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Озодагон иттилоъ дод, ин ҳодиса 13-уми январи соли равон тахминан соати 12 рух додааст: «Дар натиҷаи кофтукоб cоати 15:40 дақиқа, аз тарафи ситоди ноҳияи Рашт бо ҳамроҳии дастаҳои наҷотдиҳии ихтиёрӣ ҷасадҳои онҳо ёфт гардида, ба наздиконашон супорида шуд».
Манбаъ афзуд, ҳамчунин як рӯз қабл аз ин ҳодиса, 12-уми январ дар километри 68-уми роҳи Душанбе-Чаноқ автомашинаи тамғаи «Ҷип-Муссо» зери тарма монд, ки дар натиҷа як нафар шаҳрванд, шахсияташ номаълум дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид: «3 нафари дигар Абдураҳмонов Аъзам Насруллоевич, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, Абдураҳмонов Икром Насруллоевич соли таваллудаш 1968 ва Ҷалол Усмонови 25-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд аз чуқурии 300 метр аз сӯи наҷотдиҳандагон наҷот дода шуданд».