Изҳори нигаронии «Amnesty International» аз истирдоди эҳтимолии Умаралӣ Қувватов
Созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон- Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар робита ба истирдоди роҳбари ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороти ин ташкилоти байнулмилалӣ аз ҷумла омадааст,ки дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаву рафтори бераҳмона қарор гирифтани Умаралӣ Қувватов аз эҳтимол дур набуда, ҳамчунин ба ӯ ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи инсон, аз қабили дар ҳабс нигоҳ доштан бидуни ҳуқуқи мукотиба ва мурофиаи додгоҳии ғайримунсифонаи қазия таҳдид мекунанд: «Агар Қувватов ба ихтиёри Душанбе супорида шавад, дар ин ҳолат ҳукуматдорони АМА мутобиқи ҳуқуқи байнулмилалӣ ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар доираи манъи мутлақи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона роҳ медиҳанд».
Маврид ба ёдоварист, зимни нишасти хабарии баргузоршуда дар прокуратураи генералии Тоҷикистон (9-уми январи соли 2013), Шерхон Салимзода дар ҳузури журналистон изҳор дошт, ки ҳамакнун Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.
Оқои Салимзода Шерхони Одина гуфт: «Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст». Аммо мавсуф аз ҷузъиёти бештари ин қазия худдорӣ намуд.
Ёдрас менамоем, Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи Николай Николаев, ки ҳамроҳ бо боздоштшуда буд, Қувватов мебоист аз Дубай ба Брюссел, пойтахти Белгия парвоз мекард.