Иддаои ҷадиди ғарбиҳо:Сурия захираи уран дорад
Рӯзномаи "Файнаншел Таймз" муддаӣ шудааст, ки Сурия захоири бузурге аз урани ғанишуда дар ихтиёр дорад ва ин амрро боиси нигаронии коршиносон донистааст.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", рӯзномаи англисии "Файнаншол Таймз"ба нақл аз коршиносони ҳастаии Амрико ва Ховари Миёна муддаии вуҷуди захоири бузурге аз урони ғанинашуда дар Сурия шуда ва нисбат ба ин ки ин захира дар маърази хатар қарор бигирад, ҳушдор додааст.
Пеш аз ин Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мудаии вуҷуди таслиҳоти кимиёӣ дар Сурия шуда ва нисбат ба талоши давлати ин кишвар барои истифода аз ин таслиҳот ва ё ин ки ин таслиҳот ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтад, ҳушдор дода буданд. Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки давлати Сурия ин иддаоро рад карда ва ба кишварҳои ҷаҳон итминон дода буд.
Иддаои вуҷуди захоири урон дар Сурия низ дар ҳоле матраҳ шуда аст, ки давлати Сурия анҷоми ғанисозии уран ва фаъолиятҳои ҳастаӣ дар ин кишварро рад кардааст. Бо ин вуҷуд ҷангандаҳои исроилӣ дар соли 2007 манотиқе аз Сурияро ба баҳонаи ҳамла ба неруҳои ҳастаӣ ҳадафи ҳамла қарор додаанд..
"Файнаншел Таймз" албатта навиштааст, ки ҳануз ба дурустӣ мушаххас нест, ки ин захоир дар Сурия вуҷуд дошта бошад, бо ин ҳол бозрасони оҷонси энергии ҳастаӣ эълон кардаанд, ки ин захоир дар сурати воқеӣ будан, барои сохти 5 кулоҳаки атомӣ кофӣ ҳастанд.