Сардори ШКД-и Шоҳмансур аз вазифа озод карда шуд
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Саидҷафар Холиқовро, ки вазифаи сардори шӯъбаи милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ба ӯҳда дошт, аз вазифа сабукдӯш намуд.
Фармони аз вазифа озод шудани полковники милитсия Саидҷафар Холиқов аз ҷониби Рамазон Раҳимов аз 11-уми январи соли равон баромадааст.
Сабаби аз вазифа барканор шудани Саидҷафар Холиқов шарҳ дода нашудааст.
Аз вазифа озод шудани Саидҷафар Холиқов дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш, 8-уми январ Рамазон Раҳимов барои тавтиш кардан ба ҷузъҳои зертобеаш ғайримунтазира ташриф оварда, вазъи онҳоро мавриди санҷиш қарор додааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин санҷиши ногаҳонӣ камбудиҳои мухталиф, аз қабили таъминоти ғизо ва тозагии атрофи қисмҳои ҳарбӣ ошкор гардидаанд.