61 нафар шаҳрванди хориҷаро дар Тоҷикистон ба маҳкама кашиданд
Раиси суди олии Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони хориҷаро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтаанд, номбар кард.
Нусратулло Абдуллоев, раиси суди олӣ имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар соли гузашта 61 нафар шаҳрвандони хориҷа дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои гуногун маҳкум шудаанд.
Аммо номбурда дақиқан ному насаби онҳоро номбар накард ва танҳо илова намуд, ки нисбати соли 2011 маҳкум шудани шаҳрвандони хориҷа коҳиш ёфтааст.
Ба қавли раиси суди олии Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони хориҷа, ки дар соли гузашта ҳукм гирифтаанд, нисбати соли 2011 45 нафар кам мебошанд.