105.000.000 йени ҷопонӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон
Барномаи рушди омӯзишӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе ба имзо расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа, рӯзи 20-уми июн маросими табодули ёддоштҳо ва имзои созишномаи грантӣ баргузор шуд, ки зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷа ва аз ҷониби Ҷопон, Ҷиро Иида, сарвари намояндагии агентии «Ҷайка» (JICA ) имзои худро гузоштанд. Тавре манбаъи хабар ба «Озодагон» гуфт, ин ёддошт доир ба лоиҳаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон сармоягузорӣ мешавад.
Барномаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба омодасозии кадрҳо барои ташаккули асоси ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ ниёзи зиёд доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардид.Барнома ба кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намуда, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро дар соҳаи дахлдор такмил диҳанд. Имсол ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳа маблағи умумии 105.000.000 йени япониро (тақрибан 1.3 миллион доллари ИМА) ҷудо намуд. Номзадҳо аз шумули кормандони вазорати корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо интихоб мегарданд. Дар анҷоми таҳсил дар Ҷопон донишҷӯён соҳиби унвони илмии магистр дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисод мегарданд.
Ёдрас менамоем, ҳукумати Ҷопон аз соли 1993 то соли 2009 зиёда аз 15.3 миллиард йени японӣ ё муодили 184 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст, ки онҳо дар шакли кӯмакҳои бебозгашт ва техникӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди имконоти захоири инсонӣ дар Тоҷикистон масраф гаштаанд.