Соли 2012 аз Тоҷикистон 877 ҳазору 335 шаҳрванд ба хориҷа сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 753 ҳазору 328 нафарашро мардон ва 124 ҳазору 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки аз шумораи нафароне, ки ба хориҷа сафар кардаанд, 744 ҳазору 360 нафари онҳо муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, ки ин нишондод 85% шумораи умумии шаҳрвандони ба хориҷа рафтаро ташкил медиҳад.
Номбурда мегӯяд, онҳое, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд, 657 ҳазору 345 нафарашон мард ва 87 ҳазору 15 нафарашон зан мебошанд.
Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад.