Бино ба қавли Файзинисо Воҳидова масъулини амниятӣ аснои кофтукоби манзили зисти хабарнигор ду китоб кашф ва мусодира кардаанд. Яке аз ин китобҳо, ки ба забони ӯзбакӣ навишта шудааст, асари бадеӣ буда ва муаллифи он худи Усмонов будааст ва ин асар ба қазияи ҷиноии зерҳимояаам иртибот надорад, афзудааст хонум Воҳидова. Китоби дуввуме, ки мусодира шудааст, "Ҳизби Таҳрир - душмани Ислом" ном дорад ва мӯҳтавои он интиқод аз фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иборат аст. Ӯрунбой Усмонов дар нахустин мулоқоташ бо вакили мудофеъи худ, аз бону Воҳидова чунин дархост кардааст: "Ба ҳамагон, дӯстон, расонаҳо, хабарнигорон, ҳамкорон, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ расонед, ки ман гунаҳкор нестам."{jathumbnail off}