Баррасии муомилоти ғайриқонунии нашъа миёни Тоҷикистону Афғонистон
Як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷиҳати боздид намудан аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ин ҳайат дар Душанбе бо масъулини Агентии назорати маводи нашъаовар мулоқот намуданд ва зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳоро матраҳ карданд.
Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари матбуотии ин агентӣ дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ҷониби Афғонистон дар ҷараёни мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ҳайати Афғонистон аз анбори нигаҳдории маводи мухаддири агентӣ дидан намуд ва бо фаъолияти шӯъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, ташхиси судӣ ва дигар воҳидҳои асосии он ошно гардид.