Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ айни ҳол ба 115 нафар омӯзгори ихтисосманд эҳтиёҷ доранд.
Ба қавли номбурда дар муассисаҳои таҳсилоти Вилояти мухтори кӯҳистонӣ Бадахшон 23 нафар омӯзгор, вилояти Хатлон 66, шаҳри Душанбе 7 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 нафар омӯзгор намерасанд.
Саидов иброз медорад, ки соли гузашта муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро равияҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби буҷети давлат 7254 нафар хатм намуд, ки он нисбат ба соли 2011-ум 3029 нафар зиёд мебошад: “ Дар соли таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти умумии 7254 нафар мутахассиси ҷавон, аз ҷумла ба ВМКБ 1204 нафар, вилояти Хатлон 2915 нафар, вилояти Суғд 1620 , шаҳри Душанбе 485 ва ноҳияҳои тобеи марказ 1030 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуд”.