Тоҷикистонро боришоти пуршиддат ва тармафароӣ интизор аст
11-уми январи соли равон дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои пуршиддат аз эҳтимол дур нест.
Тавре Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи пешгӯии боду ҳаво ба Озодагон иттилоъ дод, рӯзи 12-уми январ низ ҳавои абрнок дар назар дошта шудаааст ва боридани баф пебинӣ шудааст, ки ҳарорати ҳаво дар ин давра поин мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 2-7 дараҷа гарм ва баъдан пастшавии ҳарорат аз 0 то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд бошад шабона 3-5 дараҷа гарм ва рӯзона 0 дараҷа гарм мешавад. Дар ВМКБ низ ҳарорати ҳаво ба 0 дараҷа баробар мешавад. Дар шаҳри Душанбе шабона 5-6 дараҷа гар мешавад ва рӯзи 12-уми январ 0 дараҷа хунук мешавд.
Дар ин давра дар вилояти Хатло, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ниҳоят боронҳои пуршиддат пешбинӣ шуда, дар кӯҳҳо тармафарои низ аз эҳтимол дур нест.
Рӯзҳои 13-ум то 15-уми январ дар кишвар ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардидааст, ки боришот қатъ мегардад, вале ҳарорати ҳаво дар ин давра нисбатан паст хоҳад шуд.