Суғд: «Мутахассисони беҳтарини соли 2012» эълом шуданд
Бо қарори Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд таҳти рақами 01 рӯихати ғолибони озмуни «Мутахасиси беҳтарини сол» тасдиқ гардид.
Тавре аз дафтари матбуотии ҳукумати вилоят ба Озодагон иттилоъ доданд, унвони «Бинокори сол» ба Маҳмуд Набиев, муҳандиси сифати ҶДММ «Евростройсервис»-и шаҳри Хуҷанд , «Бонкдори сол» ба Фарзин Азимов, намояндаи БТ «Эсхата» дар ноҳия Ҷ.Расулов, «Варзишгари сол» Мирхолиқ Бобоев, дастпарвари мактаби варзишии вилоятии бачагону наврасон дода мешавад.
Ҳамзамон, Аюб Бобозода, табиб-ревматологи МС №1 шаҳри Конибодом, духтури сол, Наргис Маҳкамова аз ДП ДДТТ, донишҷӯи сол, Файзулло Авезов аз НБО «Дӯстии халқҳо», шаҳри Қайроққум, энергетики сол эълон гардиданд.