«Роҳнамои буҷаи Тоҷикистон» ба нашр расид
Ин китоб моҳи декабри соли 2012 бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби ба забонҳои русиву тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари душанбегии ин ниҳод иттилоъ доданд, Каримова Мавзуна, Муминова Фарида ва Соҳибов Шавкат, муаллифони китоби мазкур кӯшидаанд, ки дар бораи системаи буҷавӣ, қонунгузории буҷа, раванди буҷа, касри буҷа ва қарзи давлатӣ, сиёсати буҷавӣ ва усулҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули буҷа дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот диҳанд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо роҳи тавсиаи равандҳои демократӣ дар ҳамаи соҳаҳои идораи давлатӣ рушд мекунад. Дар ҳамин ҳол, ислоҳоти маъмурӣ бо дигаргуниҳои иқтисодӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои самараноки идораи иқтисодиёт ва ислоҳот, дарки ин равандҳо аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни идора мебошад. Ба вежа фаҳмиши соҳаи буҷа ҳамчун олоти муҳими сиёсати давлатӣ зарур аст.
Феълан, ба раванди буҷа вазоратҳои соҳавӣ, ТҒД, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ фаъолона ҷалб карда мешаванд. Бинобар ин вазифаи асосии роҳнамои мазкур дарк кардани чӣ буданӣ буҷа, барои чӣ он зарур аст ва чӣ хел он баррасиву қабул карда мешавад, пули давлат ба куҷо равона карда мешавад ва он ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд чӣ таъсире дорад, мебошад.
-Ҳамчунин, дар китоб оид ба он ки ҳар як шаҳрванд ба буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ чӣ хел таъсир расонида метавонад, маълумот дода мешавад,-афзуд манбаъ.