Тавре аз дафтари СҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба Озодагон иттилоъ доданд, дар назар аст, ки рӯзҳои 9-11 январ барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар семинар дар мавзўи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» доир месозад. Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер ширкат менамояд.
Ҳамойиш дар доираи лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии шўъбаи Ташкилоти Байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳадафи аслии баргузории семинар, ин давраи омўзиши саҳмгузорӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо, ҳимояи ҳуқуқии ҷабрдидагони шиканҷа ва пешбарии стандартҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамзамон, аснои чорабини масоили фаъолият тибқи расмиёти махсуси Шӯрои ҳуқуқи инсон ва ирсоли шикоятҳо ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, инчунин қонунгузории миллӣ ва санадҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҷабрдидагон баррасӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, таҳлили марҳилаҳои асосии иштироки ҳимоятгарон дар баррасии парвандаҳои марбут ба ҳолатҳои шиканҷа, аз ҷумла, алгоритми амалҳои пайдарҳами адвокат ҷиҳати ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа (дастгиркунӣ, тафтишоти пешакӣ, суд), маслиҳатдиҳӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳо бо ҷабрдидагони шиканҷа ба нақша гирифта шудааст.