Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи оид ба корҳои динии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, миёни кишварҳои номбаршуда шумораи масҷидҳо аз ҳама зиёд дар Тоҷикистон ба назар мерасад.
Ба қавли Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи мазкур дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо ба 3 ҳазору 938 расидааст.
Номбурда зимни як нишаст, ки аз фаъолияти 6 моҳаи худ иттилоъ медод, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 104 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуда, маводи таъсисии 87 адади дигар мавриди омўзиш қарор дорад: “Аз онҳо 11 тояш масҷиди ҷомеъа, 89 ададаш масҷиди панҷвақта ва 1 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилия мебошанд”.
Гуфта мешавад, айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 Маркази исломӣ, 44 масҷиди ҷомеи марказӣ, 357 масҷиди ҷомеъ, 3453 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона (2 исмоилия, 1 ғайриисломи), 6 мадрасаи мутавассита ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ дар маҷмўъ 3938 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва онҳо фаъолият карда истодаанд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои динӣ таъкид кард, ки бо мақсади осон кардани кори намозгузорон дар рўзҳои ҷумъа ба 28 масҷиди панҷвақта дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозати хондани намози ҷумъа дода шуд.