Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Бен Родс, мушовири амнияти миллии Амрико дар бахши равобити стратегӣ рӯзи 8-декабр дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, ки имкон дорад, баъд аз соли 2014 ҳеч сарбози амрикоие дар Афғонистон боқӣ намонад.
Номбурда афзудааст: «Дуруст аст, ки теъдоди сарбозони амрикоӣ пас аз соли 2014 коҳиш меёбад ва ин албатта, тасмими худи райисҷумҳури кишвар аст, ки мехоҳад ба ҷанги Афғонистон тадриҷан хотима бахшад».
Бояд гуфт, ин изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико дар ҳолест, ки интизор меравад, Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон бо ҳамтои амрикоияш Борак Обама пас аз ду рӯз дар Кохи Сафед гуфтугӯи муҳимеро анҷом бидиҳад.