Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Тоҷикистонро бошад бо пешбарии Федератсияи ҷудои кишвар, паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ, муаррифӣ намуданд. Баъди қувваозмоиҳои 2 рӯза намояндагони Тоҷикистон- Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кило, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кило, Расул Саидов дар вазни 73 кило, Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кило барандагони медалҳои тилло гардиданд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кило зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кило бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кило мақоми саввумро ишғол намуданд.