Бунёди Сулҳ” (Fund for Peace) ва маҷаллаи “Сиёсати хориҷии Амрико” (Foreign Policy) феҳрасти кишварҳои нокомро таҳия ва ахиран интишор карданд.
Бо нашри ин шохиси солона Тоҷикистон низ дар радифи яке аз ин чунин кишварҳо қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ин феҳраст вазъи 177 кишвари ҷаҳон ба баррасӣ гирифта шудааст. Пажӯҳишгарон аслан ба 12 масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишварҳо таваҷҷӯҳ карда ва ҳамчунин то чӣ андоза судовар будани фаъолияти ҳукуматҳоро таҳқиқ кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохиси имсола дар мақоми 39 қарор гирифтааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 38 қарор дошт. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои нокоми ҷаҳон аз Ӯзбакистон як зина ва аз Қирғизистон ду зина болотар аст.{jathumbnail off}