Додситонии кулл марги Ҳамза Икромзодаро таҳқиқ мекунад
Вобаста ба ҳодисаи марги маҳбус-Ҳамза Икромзода аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати се нафар ҳамчун гумонбар бо 2 модда парвандаӣ ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли кишвар, имрӯз, 9-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ду моддаи номбаршуда, ки нисбати гумонбарон кушода шудааст, якеаш баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва дуюм ин хунукназарӣ нисбати шаҳрвандон мебошанд.
Номбурда илова кард, ки феълан санҷишу таҳқиқ идома дорад ва шахси гунаҳгор дар марги Ҳамза Икромзода ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ёдрас менамоем, Ҳамза Икромзода, сокини 27- солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор рӯзи 20-уми сентябри соли гузашта дар маҳбаси №1-и пойтахт ба ҳалокат расид.
Пайвандони ӯ борҳо бо изҳори нигаронӣ гуфтаанд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад.