Посбони мактаби навбунёди шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Қумсангир ҳамчун ҳамчун гумонбар дар рабудани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, дар бораи ин амали дуздӣ Маҳмаднабӣ Назарови 24-сола, сокини деҳаи Обшорони ноҳияи мазкур ба мақомот муроҷиат кардааст. Ба гуфти ӯ,6- уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 12:00 дақиқа, шахси номаълум, бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш, ки тамғаи «Тайота-Каролла» буд ва дар назди бозори шаҳраки Дӯстӣ беназорат меистод, рабудааст.
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Арипҷон Нурматови 46-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, посбони мактаби навбунёди шаҳраки Дӯстӣ ҳамчун гумонбар дар рабудани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
-Тафтишоти қазия алъон идома дорад,-афзуд манбаъ