Тоҷикистон барои интиқоли Умаралӣ Қувватов дархост фиристодааст
Ин нуктаро Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар рӯзи 9-уми январ зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт.
Салимзода қайд намуд, ки бар зидди Умаралӣ Қувватов дар содир кардани як чанд ҷиноятҳо аз ҷониби Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст.
Шерхон Салимзода илова кард, ки чанд рӯз қабл барои истирдоди Қувватов аз Аморати Муттаҳидаи Араб баТоҷикистон дархост фиристода шуд.
Ёдрас мешавем, ки раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов чанд ҳафта қабл дар Дубай боздошт шуда буд. Тибқи хабарҳои паҳншуда Қувватов бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт, вале аз ҷониби мақомоти Аморати Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари собиқи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон”, тобистони соли 2012 баъди тарки кишвар карданаш дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод.