Шариф Саид: Мо пайвандгарем
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар соли гузашта ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ хизмат расонидааст.
Шариф Саид, раиси палатаи мазкур имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2013 шумораи ташкилоту корхонаҳое, ки аъзои палата мебошанд, ба зиёда аз 550 адад расидааст.
Раиси Палатаи савдо ва саноат илова намуд, ки айни замон бо палатаҳои ИДМ ва хориҷи дур зиёда аз 210 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд: «Дар давлатҳои хориҷа 23 намояндагии палата фаъолият мекунанд».
Номбурда қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ танҳо дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 18 намоишгоҳ баргузор намудаанд.
Бо вуҷуди ин Шариф Саид мегӯяд, намоишгоҳҳое, ки то ҳол баргузор кардаанд, кам буда, оянда дар назар аст намоишгоҳҳои мухталиферо дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил намоянд.
Ба қавли Шариф Саид, аз рӯзе, ки ба ин палата омадааст намоишогҳҳои зиёде баргузор намудааст: «Музди миёнаи маоши кормандони мо 1200 сомонӣ буда, аз рӯзе, ки ман ба палата омадам маоши кормандон 10 маротиб зиёд шуд».
Раиси палатаи мазкур таъкид намуд, ки Палатаи савдо ва саноат ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, бо ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо ва дигар корҳо дар ин самт, онҳо пайвандгаранд.