Гуфта мешавад, тибқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари афюн буда, вазнаш ҳудуди 10 килоро ташкил медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, зимни роҳандозии чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар хонаи боздоштшуда силоҳи оташфишон, туфангчаи тамғаи Макаров бо тирҳояш кашф ва мусодира карда шуд: “Боздоштшуда айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад”.
Кормандони агентӣ алоқамандии ӯ бо дигар навъи ҷиноятҳо, манбаи ба даст овардани туфангча ва истифодаи он барои содир намудани ҷурму ҷиноятҳои дигарро тафтишу пайгирӣ доранд.