Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо аз хабарнигори боздоштшуда ҳимоят мекунанд
Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе аз боздошти хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.Дар изҳороти ахиран пахшнамудаи ин мақомоти дипломатӣ аз ҷумла омадааст: «Ҷиҳати гузоришҳои оиди 13 июни соли ҷорӣ дастгир шудани хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва муносибати дурушти маъмурони кафолати амният дар шаҳри Хуҷанд нигаронем.Чӣ тавре хабардор шудем, баъдан ӯро ба узвият дар гурӯҳи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мекунанд. Муроҷиат ба Ҳукумати Тоҷикистон дорем, то аз рӯи даъвои муносибати дурушт бо ҷаноби Усмонов ба пуррагӣ тафтиш намоянд. Мо инчунин ҷиҳати риоя нашудани тартиби дурусти судӣ аз вақти боздошт шудани ҷаноби Усмонов нигаронӣ изҳор дорем»
Тайи ин нома, ки ба хабаргузории «Озодагон» низ расидааст, ҳамчунин омада: «Иттиҳоди Аврупо давоман таъкиди муҳимияти озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистонро мекунад; бо эътирофи ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистон дар таъминоти пойдорӣ ва амнияти кишвар, боз ҳам дархост ва муроҷиат ба мақомоти ваколатдори Тоҷикистон оиди риояи меъёрҳои шаффофи байналмилалии раванди судӣ дорем». Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Аз соли 1992 инҷониб ин Иттиҳод ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Бӣ- Бӣ-Сӣ» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.Тафтишоти қазияи мазкур аз сӯи мақомоти интизомӣ феълан идома дорад.