Футбол: Омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2013
Дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) давраи дуюми омодагиҳоро ба Ҷоми Иттиҳод-2013 оғоз кард.
Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев то рӯзи 15-уми январ дар шаҳри Норак идома хоҳад кард. Дар ин давра футболбозони ҷавони тоҷик ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рӯзи 9-уми январ мунтахаби ҷавонон бо дастаи лигаи олӣ- “Хайр”-и Ваҳдат бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 14 оғоз меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки ба дастаи мунтахаб 23 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»-и Истаравшан), Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»-и Душанбе), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»-и Душанбе), нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»-и Кӯлоб), Фирдавсӣ Қурбонов, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик») шомил шудаанд.
Гуфтанист, Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.
Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.