Беш аз 120 миллион $ ба буҷаи Тоҷикистон. Аз ҳисоби сайёҳон
Соли гузашта ба ҷумҳурӣ 344 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шуд.
Дар ин бора имрӯз, 7-уми январ, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои нишасти матбуотии созмонёфта иброз дошт. Ба қавли ӯ, аз ин теъдод 245 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ (турист) арзёбӣ мегардад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 62 ҳазор бештар мебошад.
Ҳамзамон, дар конфронси матбуотӣ зикр гардид, ки аз ҳисоби cайёҳони дар соли 2012 ба ҷумҳурӣ омада, 122 миллион доллари ИМА ба буҷа дохил шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 беш аз 30 миллион $ зиёд мебошад.