Искандари Фирӯз аз бемористон мураххас шуд
Хабарнигори Би-би-сӣ, пас аз беҳтар гардидани вазъи саломатиаш дар бемористони Ибни Синои пойтахт ба хонааш рафт.
Ба қавли пайвандонаш, пойҳои Искандар табобат ёфта, аллакай метавонад мустақилона ҳаракат кунад: «Аммо муолиҷаи Искандари Фирӯз ҳанӯз идома дорад ва табибон ҳафтае як маротиба аз вазъи саломатии ӯ дар хона хабар мегиранд».
Маврид ба ёдоварист, шаби 9-уми соли гузашта хабарнигори тоҷик ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншери Фирӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло ба сар бурд. Пас аз як моҳ, вақте Искандари Фирӯз ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино интиқол доданд.
Дар охири моҳи декабри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шаҳрванд Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба се солу се моҳ аз озодӣ маҳрум кард.