Шир дар Душанбе қимат аст. Дар қиёс ба Истаравшан
Қимати хӯрокворӣ, аз ҷумла шир тайи ҳафтаи равон дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт ду баробар гаронтар шудааст.
Аз ширкати «АгроИнформ» ба Озодагон иттилоъ доданд, ки нархи як литр шир дар ин бозори Душанбе 4 сомонию 50 дирам аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар бозори Истаравшан ба 2 сомонӣ баробар мебошад.
Манбаъ афзуд, тибқи таҳлилҳо аз ҳама нархи гарони шир дар бозори марказии шаҳри Хоруғ мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як литр шир бо арзиши 5 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: «Дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб бошад як литр шир 3 сомонию 50 дирам арзиш дорад».
Бархе аз харидорони шир бошанд шикоят доранд, ки тайи чанд рӯзи ахир аз бозори Шоҳмансур 1 литри онро то 5 сомонӣ ва аз он бештар дарёфт кардан мумкин буд.