Даргирӣ дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон
Аснои ин даргириҳо, гуфта мешавад чанд нафар ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои расида, 4-уми январи соли равон сарҳадбонони ӯзбак шаҳрванди Қирғизистонро ҳадафи тир қарор доданд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, сарҳадбонони ӯзбак ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон, ки марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур кардан мехост, оташ кушодаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Ӯзбакистон даъво дорад, ки шахси кушташуда қочоқчӣ буд ва худи ҳамон рӯз ҷасади ӯ ба пайвандонаш супорида шуд.
Мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон ин ҳодисаро ташреҳ дода афзудаанд, ки барои нахустин бор нест, ки марзбонони ҳамсоя аз силоҳ кор мегиранд.
Ҳамзамон, рӯзи 5-уми январ дар марзи муштараки Қирғизистону Ӯзбакистон, воқеъ дар маҳалли аҳолинишини Сух миёни шаҳрвандони ин ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифт. Ҳарчанд сарҳадбонон вуҷуд доштани як чунин ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо аз додани иттилоъи бештар худдорӣ меварзанд. Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ сарҳадбони қирғиз ду шаҳрванди ӯзбакро ба ҳалокат расонида, се нафари дигарро захмдор кардааст.
Ҷониби Ӯзбакистон бошад, дар пайвастагӣ ба ин вазъ, чанд нуқтаи убуру мурури сарҳадиро дар марзи давлатӣ бастааст.