Девонаев бурду бохти хадамотро муҳокима кард
Дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи хадамоти мазкур оид ба ҷамъбасти соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Нуриддин Исматов, мудири бахши муҳоҷирати меҳнатии шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент, Сафиалло Девонаев, сардори хадамот, Анвар Бобоев, муовини якуми сардор ва дигар масъулини Хадамоти муҳоҷират ширкат намуданд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин нишаст маърӯзаи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин раёсати ВМКБ оид ба танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори иловагии меҳнат, ҷараёни касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ шунида шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон будубош менамоянд, шунида шуд ва бурду бохти раёсатҳои мазкур аз сӯи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Манбаъ мегӯяд, Нуриддин Исматов дар ин ҳамоиш оид ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, омору арқом ва шумораи нодурусти баъзе ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират кору фаъолият доранд ва ҳангоми пешниҳоди маълумотҳо ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, ибрози андеша кард: «Ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкориҳо бо субъектҳои хоҷагидор, беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират бо диаспораҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, ҷиҳати ба танзими раванди муҳоҷират, буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистонро таъкид намуд».