Манбаъ афзуд, дар рафти амалиёти мазкур маҳбуси фирорӣ Холметов Фурқат Тӯлаганович, зодаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон, аъзои фаъоли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва боз як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимов Имомназар дастгир карда шуда, ду нафар ҷинояткорони яроқнок, маҳбуси фирорӣ Худоёров Мазҳариддин Нуриддинович истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Муллотемур ва ҳаммаслаки ў ҷинояткори хавфнок Иброҳимов Маҳмадкарим Абдусаломович, зодаи ноҳияи Тоҷикобод деҳаи Зарафшон бо лақаби «Шайх-Камол», ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт дар рафти задухӯрди шадиди мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.
Аснои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз ин ҷинояткорон 3-автомати Калашников, 1 -пулемёти дастӣ, 1-зермил бо 7 снарядаш ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. Асадуллоев афзуд, корҳои фавриву ҷустуҷуӣ барои дастгир намудани шаш нафар боқимондаи маҳбусони фирорӣ ҳанӯз ҳам идома дорад.{jathumbnail off}