Оғози нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон
Зимни ин конфронсҳо сарварони вазорату идораҳои кишвар ба хабарнигорон аз натиҷаҳои фаъолияти ниҳодҳои худ дар як соли ахир гузориш хоҳанд дод.
Маврид ба тазаккур аст, ки имрӯз, 7-уми январи соли 2012 нишастҳои хабарии Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Шӯрои адлияи ҶТ сурат мепазиранд.
Бояд гуфт, бар асоси амри президенти кишвар аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд. Аммо ба фармони мазкур пас аз шаш сол тағйирот ворид гардида, аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.