ФБД дар соли 2013 низоми амниятиро пурзӯр мекунад
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2012 ба зиёда аз 1 миллион мусофир хизмат расондааст.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки соли сипаришуда барои фурудгоҳи Душанбе соли пурбарор буд: «Фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ намуд. Соли 2012 ба 696 804 мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар) ва 604,648 мусофири омада (соли 2011 – 537,842) хизмат расонида шуд. Интиқоли бор зиёда аз 1500 тоннаро ташкил кард. Дар соли 2012 бино ва иншоотҳои фурудгоҳ, аз ҷумла бинои аэровокзал аз таъмир бароварда шуда, қисми дигар пурра таҷдид гардид».
Манбаъ ҳамчунин афзуд, дар соли 2013 фурудгоҳи Душанбе нақшаҳои зиёди истеҳсолиро тарҳрезӣ кардааст: «Оғози корҳои сохтмонӣ дар бунёди терминали нави фурудгоҳ, вусъати доираи хизматрасониҳо бо мақсади дарёфти захираҳои иловагии молиявӣ, таҷдиди маҷмааи аэродром, сохтмони терминали боркашонӣ, ҷалби борҳои транзитӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо, такмили малакаву маҳоратҳои касбии кормандони фурудгоҳ, пурзӯр кардани низоми амният масъалаҳоеанд, ки бояд амалӣ шаванд».