Милиса дар шиносоӣ шудани ҷасади марди тахмин 40 сола аз шаҳрвандон кӯмак мехоҳад
Дар деҳаи Гулбутаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар канори чапи шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз лаби ҷуйбор, ҷасади марди шахсияташ номаълуми тахминан 40-45 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, нишонаҳои аслии ҷасад инҳоянд: пеши сараш каммӯй, аз тарафи рости ҷоғи боло дандони шашум аз метали ранги зард буда, дар ангушти дуюми дасти чапаш нишонаи ашгуштарин бо хатҳои кабуд кашида, дар рӯи дасташ ҳарфи «Ш» ва дар ангушти калони дасти росташ нишонаи нотаи мусиқи «ДО» (татуировка) кашида шудааст.
«Феълан нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, аз ҳамаи нафароне, ки нисбати ин шахс ягон маълумоте доранд, эҳтиромона хоҳиш мешавад, тавассути телефонҳои 221-21-21, 227-98-98 ва ё бо рақами 02- маҳалли зисти худ, хабар диҳанд»,-афзуд манбаъ.