ҶАТ хостори таваққуфи шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин шуд
Ҷунбишин адами тааҳҳуд бо судури баёнияе иқдомоти ғайриқонунии режими саҳюнистӣ барои густариши шаҳраксозӣ ва мутаваққиф кардани даромадҳои молиётӣ дар сарзаминҳои ишғолиро маҳкум кард.
Бино ба гузориши хабаргузории Форс, кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд (ҶАТ) бо судури баёнияе дар Ню-Йорк иқдомоти таҳрикомез ва ғайриқонунии режими Исроил дар густариш ва эҷоди шаҳракҳои ҷадид дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ҷилавгирӣ аз истифодаи фаластиниҳо аз даромадҳои молиётиро маҳкум ва аз Шӯрои амнияти Созмони милал дархост кард, то ба масъулиятҳои худ барои поён додан ба иқдомоти мухолиф бо қонунҳои байналмилалии режими Исроил амал кунад.
ҶАТ дар баёнияи худ таъкид кард, ки режими Исроил иқдомоти мухолиф бо қавонини байналмилалиро ба дунболи тасвиби қатъномаи таърихии боло бурдани ҷойгоҳи Фаластин ба унвони давлати нозир дар Созмони милал ва дар ҷавоби он анҷом медиҳад ва дар ин чорчуб ҳаракати таассуфбори тавсеаи шаҳракҳои ҷадид дар каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддасро оғоз карда аст.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ин гуна иқдомотро поймолкунии ҷиддии усули вобаста бо қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсондустонаи байналмилалӣ, ба вижа конвенсияи чоруми Женева, ки нозир бар шароити иштиғол тавассути хориҷиён аст, дониста ва онро иҳонати ошкор ба хостаҳои ҷомеаи байналмилалӣ арзёбӣ карда аст.
“Кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд ҷилавгирӣ аз истифодаи фаластиниҳо аз даромадҳои молиётӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин тавассути режими Исроилро, поймолкунии тавофуқномаҳои тарафайн ва ҳуқуқи байналмилал дониста ва онро азхудкунии ғайриқонунии дороиҳои фаластиниҳо ва танбеҳи дастаҷамъӣ арзёбӣ карда, ки ба тавоноии мақомоти фаластинӣ барои ироаи хадамоти умумӣ, пардохти ҳуқуқи коркунони бахшҳои умумӣ ва идораи ниҳодҳои ҳукуматии Фаластин, зарба мезанад ва буҳронҳои молии таҳмил шуда бар фаластиниҳоро бадтар мекунад”,-навиштааст манбаи хабар.
Кишварҳои ҷунбиши адами тааҳҳуд аз Шӯрои амнияти Созмони милал дархост кардаанд, то ба масъулиятҳои худ дар қиболи мавзуи Фаластин амал карда ва бо гирифтани тасмимоте, аз режими Исроил бихоҳад ба иқдомоти ғайри қонунӣ поён дода, ба қавонини байналмилалӣ пойбанд бошад ва ҳамаи иқдомоти таҳрикомез, аз ҷумла маскан додан ба шаҳракнишинон ва эҷоди маҳдудият алайҳи фаластиниҳоро мутаваққиф кунад.
Лозим ба зикр аст, дар ҷаласаи намояндагони доими кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки ба раёсати Муҳаммад Хазоӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди Созмони милали муттаҳид ташкил шуда буд ва пас ройзаниҳои анҷом шуда, баёнияи мазкур, ки ба тасдиқи ҳамаи аъзо расид, содир шуд.