Беш аз 150 ҳазор донишҷӯ дар макотиби олии кишвар таҳсил доранд
Шумораи донишҷўён дар муасисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба 152 ҳазору 222 нафар расидааст, ки ин нисбати соли гузашта 542 нафар зиёд мебошад.
Аз Агентии омор ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз ин теъдод, дар 20 донишкадаву донишгоҳи олии пойтахт ҳудуди 91 ҳазору 780 нафар таҳсил мекунанд: «Шумораи донишҷўён дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар вилояти Суғд -31 ҳазору 637 нафарро ташкил медиҳад. Дар 5 мактаби олии вилояти Хатлон бошад, 24 ҳазору 277 нафар ва дар 1 муассисаи таҳсилоти олии касбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 ҳазору 528 донишҷӯ мехонад».
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунад.