Ҷумъахон Давлатов: «Созишномаи НАТО ҳамкории Тоҷикистону СПАД-ро халалдор намекунад»
Созишнома дар мавриди ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО оид ба безарар кардани аслиха ба тасвиб расид.
Ҷумъахон Давлатов, намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон зимни муаррифии созишнома миёни Тоҷикистон ва ташкилоти таъминоти техникии НАТО оид ба тадбиқи масоили амниятӣ, физикӣ ва идоракунии захираҳои лавозимоти ҷангӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки санади мазкур ба қонунгузориҳои кишвар мухолифат надорад. Ба иддаои мушовири райисҷумҳур ин созишнома ҳамкории Тоҷикистон бо СПАД-ро халалдор нахоҳад кард.
Мақсади аслии созишнома омӯзондани 15 хидматчии ҳарбии Тоҷикистон барои бехатар намудани амнияти ҷисмонӣ, идоракунии захираҳои аслиҳа, азҷумла нобуд сохтани аслиҳаҳои корношоям ва барзиёд арзёбӣ гардид. Маблағи умумии созишнома 575 ҳазор евро буда, онро кишварҳои Канада, Британияи Кабир, Ирландия, Шветсария ва Ҷопону Туркия ҷудо кардаанд.
Мавриди ёдоварист, ки созишномаи ташкилоти таъминоти техникии НАТО оид ба тадбиқи масоили амниятӣ, физикӣ ва идоракунии захираҳои лавозимоти ҷангӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле аз ҷониби вакилон қабул гардид, ки дар муҳокимаи қаблӣ дубора барои баррасӣ баргардонида шуда буд. Галия Рабиева, вакили парлумон аз муғойирати ин санад бо созишномаи ҳамкории Тоҷикистону СПАД нигаронӣ кард. Суҳроб Шарипов, вакили дигари парлумон гуфт, мақсади аслии созишномаи НАТО тарконидани силоҳу аслиҳаи нолозими Афғонистон дар Тоҷикистон буда, зарурати қабули чунин санадро намебинад.
Баъдан Ҷумъахон Давлатов, намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон гуфт, дар санади мазкур сухан атрофи нобуд кардани маводи таркандаи Афғонистон дар Тоҷикистон намеравад. Ҳадафи аслии созишнома минаҳои пиёдагардии минтақаи ҷануби кишвар мебошад. Ба қавли Ҷуъмахон Давлатов матни созишнома ба забони англисӣ ва фаронсавӣ таҳия шуда, иштибоҳ дар тарҷумаи тоҷикӣ мебошад.
Тоҷикистон дар соли 1999 ҷиҳати бехатар кардани амнияти ҷисмонӣ, идоракунии захираҳои аслиҳа ва ҳамчунин нобуд сохтани аслиҳаи корношояму барзиёд ва безараргардонии минаҳо санаде тасвиб кардааст.